Ҷаримаи 29 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон (аудио)

29 шаҳрванди Афғонистон бинобар вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Тоҷикистон ҷарима шудаанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Pressa.tj  иттилоъ доданд.

“Ин шаҳрвандон асосан қоидаҳои будубошро вайрон кардаанд. Масалан, дар чанд суроға ба қайд мегиранд, аммо дар як суроға зиндагӣ мекунанд. Нисбаташон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ шуданд”,- гуфтанд аз вазорат.

Ба таъкиди манбаъ, дар соли равон ягон ҳолати иҷборан аз Тоҷикистон баровардани шаҳрвандони Афғонистон ба қайд гирифта нашудааст.

Аммо дар расонаҳо хабаре паҳн шуд, ки Тоҷикистон муҳоҷирони афғонро аз хоки кишвари худ депорт ё иҷборан берун карда истодааст.

Ахиран Фарҳоди Дарё, овозхони шуҳратёри Афғонистон бо як номаи саркушода ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардааст, ки монеи идомаи ихроҷи паноҳҷӯёни афғон аз кишвараш шавад.

“Хабари ин ки Шумо муҳоҷирини афғонро аз хоки меҳмонпарвари Тоҷикистон ихроҷ мекунед, барои ман ва мардуми Афғонистон такондиҳанда ва ғайри қобили бовар буд… Чашми умеди ҳазорон инсони навмед ба сӯи Шумост, то дар ин маврид таҷдиди назар намуда ва барои муддате дигар ҳам мизбони ин паноҳҷӯёни беошёна бошед”,- навиштааст Фарҳоди Дарё дар номааш ба Президенти Тоҷикистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *