Ҳакимзода арзи сокинони Қубодиёнро шунид (аудио)

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Қубодиён Мамет Тошматов, иштирокчии Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ ва Зилзила Зиёбуддинова, омӯзгори собиқадорро аёдат кард.

Ҳафтаи сипаришуда Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Қубодиён  барои ҳолпурсӣ ба манзили зисти ягона иштирокчии барҳаёти Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ дар ноҳияи Қубодиён Мамет Тошматов рафт. Ҳамчунин, ӯ дар ин рӯз омӯзгори собиқадор Зилзила Зиёбуддиноваи 80-соларо хабар гирифт.

Бояд гуфт, ки Зилзила Зиёбуддинова 43 сол ба таълиму тарбияи шогирдон дар муассисаҳои таълимии ноҳия машғул шуда, аз ҷумла 11 сол сарварии таълимгоҳи №4-и ноҳияи Шаҳритусро ба зимма доштааст. Фаъолияти пурмаҳсули ин омӯзгор бо нишони сарисинагии Аълочии маорифи ИҶШС, ордену ифтихорномаҳои даврони шӯравӣ қадрдонӣ карда шудааст.

Қурбон Ҳакмизода собиқадори меҳнатро ба муносибати фарорасии Рӯзи омӯзгорон табрику таҳният гуфта, ба ӯву аҳли оилааш саломатии бардавому рӯзгори ободу осуда таманно карда, аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ин омӯзгори бознишаста мукофоти пулӣ ва маҳсулоти озуқаворӣ тақдим намуд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз  Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон сокинонро қабул карда, арзи онҳоро шунид. Сокинон бештар аз ниёзмандӣ ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ, мусоидат дар сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва корхонаи дӯзандагӣ, соҳилбандии дарёи Кофарниҳон дар ҳудуди деҳаҳои алоҳида, таъмири роҳҳои маҳаллӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани замин дархост карданд.

Қурбон Ҳакимзода ба масъулини ниҳодҳои масъули вилоятӣ ва ноҳияи Қубодиён ҷиҳати баррасии бетаъхир ва ҳаллу фасли масъалаҳои матраҳкардаи шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *