Чин барои омӯзиши пиряхҳо дар Тоҷикистон озмоишгоҳ таъсис медиҳад

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва директори генералии Институти экология ва ҷуғрофияи Академияи илмҳои Чин Чжан Яоминг масъалаи баргузории конфронси байналмилалӣ бахшида ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаи баргузории конфронсҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ вобаста ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла эълони соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» диққати махсус дода шуд.

Ҷонибҳо дар бораи таъсиси озмоишгоҳи нави замонавӣ дар заминаи маркази илмӣ-тадқиқотии экология ва ҳифзи муҳити зисти Осиёи Марказӣ дар Душанбе ба мувофиқа расиданд.

Ба истифода додани озмоишгоҳи нав моҳи апрели соли равон бо иштироки тарафҳо ба нақша гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image