Суғд. Бунёду истифодаи 680 корхонаи саноатӣ дар 5 сол
Дар панҷ соли охир дар ҳудуди вилояти Суғд 680 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ бо ҳазорҳо ҷойи нави корӣ бунёду ба истифода дода шудаанд.
Ин нукта 1 апрел дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонбо фаъолони соҳаи саноати вилояти Суғд садо додааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии Суғд дар соли 2024-ум ба 30,4 миллиард сомонӣ расид. Ин омор нисбат ба соли 2020-ум ду баробар зиёд мебошад.
Вале Президенти мамлакат таъкид кардааст, ки ин нишондиҳандаҳо, бо дарназардошти захираву иқтидорҳои мавҷуда, барои расидан ба ҳадафи саноатикунонӣ ва таъмин кардани аҳолӣ бо шуғл “ҳоло ҳам нокифоя мебошанд”.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон масъулинро ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо вазифадор кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ