Ғарқи 40 нафар дар Хатлон. 12 нафарашон кўдакони хурдсоланд
Дар ҷӯю наҳрҳои вилояти Хатлон давоми соли ҷорӣ 40 нафар ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.
Аз ин 12 хурдсоли то синни мактабӣ, 17 ноболиғ ва 11 нафар ҷавон мебошанд. Ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ аз ҷониби Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон шуруъ аз 20 июн амалиёти рамзии «Наҷот» ташкил карда шудааст.
Дар доираи амалиёти мавриди назар кормандони милитсия ба соҳили каналу дарёҳо ва кӯлу ҳавзҳо, махсусан минтақаҳои барои оббозӣ мамнӯъ сафарбар карда шуда, маҷмӯи чорабиниҳои мақсадноки профилактикӣ доир менамоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ