Дар Душанбе “Lexus” ноболиғи 16-соларо пахш кард – ӯ ба ҳалокат расид

Рӯзи 3-юми апрел, тахминан соати 16:30, дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як ноболиғ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ҷони худро аз даст дод. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Lexus” Юсуфзода Юсуф ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи мошин набаромада, пиёдагарди 16-сола — Акрамов Ҷ., сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.

Ноболиғ бар асари ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар роҳ ба беморхона ҳалок шудааст.

Мақомот мегӯянд, ҳодисаи мазкур мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дошта, айни замон сабабҳои дақиқи он баррасӣ мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *