Қадрдонии ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Душанбе (аксҳо)
Имрӯз,14 август дар Қасри миллат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷоизадорони Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж-2024-ро, ки бо медалҳои биринҷӣ ба Ватан баргаштанд, бо нишони қадршиносӣ ба ҳузур пазируфт.
Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ва туҳфаҳо ба дорандагони ҷоизаҳои олимпӣ Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ ҳузур дошт.
Зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастоварди онҳоро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 ба варзишгарон ва ба мардуми кишвар табрику таҳният гуфт.
Бино ба иттии хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки дар байни 206 давлати дунё сазовори медал гардидан ва парчами давлатиро боло бардоштан, ин шарафи бузург, омили муҳими муаррифии давлату миллат, баланд бардоштани обруву нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонони тоҷик ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад.
Ҳамин тавр, дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии намояндагони соҳаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” барои саҳми арзанда дар рушди варзиш, ҳавасманд намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, аз ҷумла дастоварди баланд дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпии Париж-2024 намояндагони зерини соҳаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ — Болтаев Давлат Рустамович — узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс, Раҳимов Темур Бахтиёрович — узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо, Маҳмадбеков Сомон Моёншоевич — узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо ва Маҳмадзоир Исмоил — президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо ордени “Шараф” дараҷаи ІІ сарфароз гардонида шуданд.
Ба се нафар ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ — Болтаев Давлат, Маҳмадбеков Сомон ва Раҳимов Темур калиди хонаҳо тақдим гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ