Фейк

Қаллобӣ дар “Фейсбук”. Аз ҳушдори ВКД то шарҳи корманди бонк

Чанд рӯз боз дар “Фейсбук” эълоне мечархад, ки гӯё дар арафаи моҳи Рамазон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба 200 нафар кумаки молӣ медиҳад. Дида мешавад, ки ин эълон миёни корбарони “Фейсбук” зиёд паҳн мешавад. Яке ба ин эълон бовар дораду дигаре онро “фейк”, яъне таблиғи дурӯғ ва амали дасти қаллобон медонад.

Пахши чунин эълонҳо аз номи раиси шаҳри Душанбе бори аввал нест. Вақтҳои охир аз номи раиси шаҳри Душанбе ва дигар ашхоси шинохтаи тоҷик зиёд эълону видео-роликҳои таблиғотӣ марбут ба таъсиси ҳар гуна фондҳои кумакрасону молиявӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечарханд. Аммо паси ин гуна эълонҳо, ки коршиносон “фейк” меноманд, кӣ меистад? Ҳадаф аз чунин роликҳои тарғиботии дурӯғин чист? Чӣ кор бояд кард, то мардум ба доми қаллобон наафтанд?

Истифода аз номи шаҳрдорӣ

Эълоне, ки ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, айнан чунин аст: «Дар ин моҳи мубораки Рамазон 200 лифофа туҳфаҳои пулӣ ба маблағи беш аз ҳазор доллар тақсим мекунам. Моҳи таваллуди худро дар сутуни шарҳҳо нависед.

Мисол: январ

Дар ин ҷо сабти ном шавед  https://cutt.ly/b4FxfUU

Ин чорабинӣ то 20.04.2023 эътибор дорад.

Ман дар давоми 24 соат туҳфаҳо мефиристам!».

Ҳарчанд мақомоти расмии пойтахт ин эълонро рад ё тасдиқ накардаанд, аммо сомонаи factcheck.tj онро бо далелҳо исбот кардааст, ки амали авомфиребона аст ва мардум набояд ба он бовар кунанд. Зеро он фейк аст.

ФЕЙК. БОВАР НАКУНЕД!

Аммо пайгирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба таблиғи дар муддати кӯтоҳ пули зиёд кор кардан нишон медиҳад, ки қаллобон барои мардумфиребӣ аз ҳар гуна усулҳо истифода мекунанд. Ҳадафи ин ҳама кӯшишҳояшон бо роҳи фиреб ба даст овардани маблағи муфт аст.

Аввал дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳи қаллобон аз номи ширкати “Газпром” пайдо шуданд. Гуфта мешавад, ки раёсати ширкати “Газпром” дар якҷоягӣ бо парлумони кишвар бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар барномаи микросармоявиро оғоз кардаанд. Ин барнома барои ба даст овардани фоида тавассути сармоягузорӣ ба бозорҳои фондӣ, асъорӣ ва ғайра нигаронида шудааст. Ҳоло ҳам чунин роликҳои тарғиботӣ, ки ҳадаф қаллобӣ аст, дар шабакаи “Фейсбук” бо чеҳраҳои дар паси кадр ношинос ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, раиси парлумон Маҳмадтоҳир Зокирзода ва дигар ашхоси муътабар чарх мезананд.

Дар ролики тарғиботӣ аз номи ширкати “Алиф профит” мушоҳида мешавад, ки бонуи ношинос, ҳатто номаш ҳам нест, дар назди хонаи боҳашаммат ва автомобили гаронбаҳо истода, чунин мегӯяд: “Қаблан ман фикр мекардам, ки муаллими оддие мисли ман доир ба сармоягузорӣ чизеро сарфаҳм намеравад. Вале дар муддати ҳамагӣ ду ҳафтаи фаъолият маблағи ҳангуфте ба даст овардам, ки баробари маоши яксолаам дар мактаб аст”.

ФЕЙК. БОВАР НАКУНЕД!

Дар идома графикҳои молиявӣ ва бинои “Алиф бонк” нишон дода мешавад. Дар зер навишта мешавад: “Дигар ба шумо лозим намеояд, ки саҳар барвақт хеста ба кори дӯстнамедоштагиатон равед! Платформаи давлатии онлайнии “Alif Profit” ҳама шароитро барои шумо фароҳам меоварад. Таваккалҳоятонро (риск) давлат ва “Алиф бонк” ба уҳдаи худ гирифта, ба ҳамаи иштирокчиён пардохти муътадилро кафолат медиҳад”.

Боз бону рӯйи навор пайдо шуда, иброз медорад: “Мо ҳамаи қарзҳоямонро пардохт карда, дар фикри хариди хона барои оилаамон ҳастем. Ҳоло даромади мо 5 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ки ин оғози кор аст”. Аммо ин “бону” роҳҳои чӣ гуна ба даст овардани маблағ ва пайваст шудан ба ин фондро намегӯяд.

Ба монанди ин вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғоти зиёд, аз ҷумла “ба ман кор кардани 21 ҳазор сомониро дар 5 соат омӯхтанд” низ чарх мезанад. Муаллифонаш роҳҳои дар муддати кӯтоҳ пули зиёд кор карданро пешниҳод мекунанд. Чунин таблиғоти мардумфиребона ахиран аз номи журналисти телевизион Бахтовари Ҷамшед низ пайдо шуд. Ӯ дар ҳайрат мондааст, ки чӣ гуна ҳар гуна кадрҳоро аз видео шахсони қаллоб гирифтаанду мехоҳанд мардуми тоҷикро бо истифода аз номаш фиреб диҳанд. 

ФЕЙК. БОВАР НАКУНЕД!

Ҳушдори бонкҳо ба мизоҷон

Зиёд шудани қаллобон, ки бо ҳар роҳ мехоҳанд ақли мардумро дузданд, бонкҳоро сахт нигарон кардааст. Ҳоло дар ростои авомфиребии қаллобон, мушоҳида менамоем, ки бонкҳо ба хотири эмин мондан аз ҳар гуна хавфҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ постҳои огоҳкунанда мегузоранд. Ташкилоти молиявии “Ҳумо” таҳти унвони “Аз қаллобон эҳтиёт бошед!” дар мавриди истифода аз корти бонкӣ менависад, ки “Маълумоти корти худро махфӣ нигоҳ доред: муҳлати корт, пин-код ва рақами верификатсионии (СVV) корт”. Дар мавриди интиқоли маблағҳо бошад, бонк ба мизоҷон ҳушдор медиҳад, ки “вақти интиқол намудани маблағ рамзи тасдиқкунандаи онро ба шахсони сеюм нарасонед”. Ҳамин гуна огоҳиҳоро масъулини “Алиф Бонк” ва дигар бонкҳои кишвар, ки вақтҳои охир аз номашон фондҳои қалбакӣ ташкил шудаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузоранд. 

Милитсия чӣ мегӯяд?

ФЕЙК БОВАР НАКУНЕД!

Мақомоти милитсияи кишвар низ чанд ҷинояти марбут ба тасарруфи маблағи пулӣ аз кортҳои бонкиро ошкор кардаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки вақтҳои охир аз ҷониби шахсони номаълум теъдоди содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ бо роҳи тасарруфи маблағҳои пулӣ аз кортҳои бонкии ҶСП «Душанбе Сити Бонк» зиёд шудааст. Вазорат шаҳрвандонро огоҳ менамояд, ки сабаби тасарруф гардидани маблағҳои пулӣ — ин нодуруст истифода намудани кортҳои бонкӣ аз ҷониби мизоҷон ва ба шахсони ношинос пешниҳод кардани рақами корти бонкӣ ва рамзи махфӣ мебошад.

ФЕЙК БОВАР НАКУНЕД!

«Бинобар ин, аз шаҳрвандон ва мизоҷони бонкҳо хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати наафтодан ба доми қаллобон аз додани рақамҳои корти бонкӣ ва рамзи махфӣ ба шахсони ношинос ва тасодуфӣ худдорӣ намоянд»,- гуфта мешавад дар иттилоияи ВКД.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳам чанде қабл аз боздошти сокини шаҳри Душанбе Беҳрӯзи Субҳиддин, ки 22 сол дораду дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба фиреб машғул аст, хабар дода буд. Номбурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои қалбакӣ (фейк) бо номҳои «Солиҳин-ТВ» ва «Муҳаммад-ТВ» фаъол намуда, бо эълонҳои дурӯғ, ки гӯё ба афроди ниёзманд ёрӣ мерасонад, шаҳрвандонро ба доми фиребаш мекашидааст. Барои расонидани кумак ва дар рӯйхати ниёзмандон шомил кардан аз онҳо маблағҳои гуногун талаб намуда, пас аз гирифтани пул дигар ба зангҳо ҷавоб надода, рақамҳои телефонашро хомӯш мекардааст. Аз ҷониби кормандони милитсия беш аз 20 ҳолати бо чунин шакл фиреб додан муайян шудаааст.

Аз хавф то шарҳи мутахассиси бонк

Дар мавриди чӣ гуна эмин мондан аз ҳар гуна хавфҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ Шуҳрат Холиқов, мутахассиси бонк чунин мегӯяд:

— Ҳоло баъзан тавассути ҳар гуна сайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ қаллобоне пайдо шудаанд, ки аз мизоҷ маълумот мегиранд. Масалан, мегӯянд, ки рақами кортро сурат гирифта, барояшон фиристанд. Боз CVV код ва коди тавассути смс ба телефон омадаро пурсида мегиранд. Дар ин ҳолат мизоҷон набояд ба гапи чунин қаллобон дода шаванд. Инчунин, мизоҷ набояд рақами махфиро бо корт якҷоя нигоҳ дорад. Ба хизматрасонии смс — паём пайваст бошад, то аз амалиётҳои гузаронидашуда бохабар бошад. Вақте ки корт гум мешавад, тавассути смс — паём метавонад амалиёти корташро қатъ намояд. Ё тавассути маркази тамоси бонк амалиёти корташро боздорад. Баъдан метавонад ба бонк омада, корт ё рамзи махфиро барқарор намояд.

Ба андешаи мутахассисони бонк, ҳоло қаллобон барои ба даст овардани маблағи муфт роҳҳои зиёдеро истифода мебаранд. Аммо мардум ҳеҷ гоҳ ба пайванди эълонҳои таблиғотӣ клик накунанд. Бисёре аз хакерҳо барои ҷалби истеъмолкунандагон ва дуздии маълумоти онҳо ҳамлаҳои фишингиро истифода мебаранд. Амалиёти корти кредитии худро ҳар рӯз тафтиш кунанд ва хароҷотро бодиққат омӯзанд. Ҳамчунин, ба пайванд ва саҳифаи шахсони ношинос ва шубҳанок дар “Ватсап”, “Вайбер”, “Телеграм” ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ворид нашаванд. Ҳамчунин, дорандагони кортҳои бонкӣ бояд дар хотир дошта бошанд, ки маълумот дар бораи корти худро аз ҷумла ба хешовандон, шиносҳо ва шахсоне, ки барои кумак ташаббус нишон додаанд, ифшо кардан мумкин нест.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *