Лео Месси

Месси 400 миллион евроро рад кард

Лионел Месси пешниҳоди 400 миллион евро дар як солро рад кард. Ӯ аз рафтан ба чемпионати Арабистони Саудӣ худдорӣ кард.

Қаблан маълум шуда буд, ки “Ал-Ҳилол” ба ҳамлагари “ПСЖ” ба маблағи зиёда аз 400 миллион евро дар як сол шартнома пешниҳод кардааст. “Аргентинӣ ин пешниҳодро рад кард”,- менависад рӯзноманигори “TyC Sports” Ҳерман Гарсиа Грова.

Месси, тавре ки қаблан хабар дода шуда буд, мехоҳад фаъолияти худро дар Аврупо идома диҳад.

“ПСЖ” ба бозигар шартнома бо кам кардани маош пешниҳод мекунад, дар ҳоле ки “Барселона”, ки аз бозгашти Лионел манфиатдор аст, муносибати интизорӣ ва диданро пеш гирифт.

Шартномаи Месси бо бошгоҳи “Париж” то охири мавсими соли ҷорӣ эътибор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *