Гирифтани шиносномаи Русия барои олимон осон мешавад?

Михаил Мишустин, сарвазири Русия дар мулоқот бо вакилони Думаи давлатӣ гуфтааст, ки ҳукумати Русия масъалаи соддагардонии тартиби гирифтани шаҳрвандии Русияро барои олимон баррасӣ хоҳад кард. Дар ин бора РБК иттилоъ медиҳад.

Узви Кумитаи саноат ва савдои Думаи давлатӣ Владимир Плякин таъкид кардаааст, ки бештари рустаборон барои гирифтани шаҳрвандии Русия муроҷиат карда наметавонанд. Сабаби инро вакил мураккаб будани механизм ва тӯл кашидани раванди тартиботи он арзёбӣ мекунад.

Плякин аз Мишустин хоҳиш кардааст, ки раванди гирифтани шаҳрвандии рустаборонро соддатар кунад, на баръакс, “муҳоҷирати мутахассисони варзида ва тоҷирону олимонро…”.

Вакили парлумон ёдовар шудааст, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби олимон ба Думаи давлатӣ пешниҳод шуда буд, аммо ҳукумат посухе нафиристод.

Мишустин дар посух гуфтааст: «Дар мавриди шаҳрвандӣ, масъала ба корҳои мурофиавӣ марбут аст, мо ҳатман пешниҳоди шуморо баррасӣ хоҳем кард».

Вай ҳамчунин ваъда додааст, ки ба роҳбари дастгоҳи ҳукумат дар мавриди бозхонди Девони Вазирон ба ин санад дастур медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *