Меҳмондорӣ карду соҳиби ду роҳхат ба ҳаҷ шуд

Як сокини Мастчоҳ бо номи Асадулло намояндагони Арабистони Саудиро, ки аз минтақаҳои аз заминларза осебдидаи Суғд дидан мекарданд, ба хонаааш барои ифтор даъват кардааст.

Намояндагони Бунёди хайрияи Шоҳ Салмон ва сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон аз чунин меҳмоннавозӣ дар ҳайрат монда, бо миннатдорӣ ваъда додаанд, ки дар омода кардани асноди ҳаҷ ба ӯ ва ҳамсараш кумак хоҳанд кард.

Пас аз навор як рӯзноманигори араб дар ин бора дар твиттераш навишт. Дар навор дида мешавад, ки чӣ гуна як марди тоҷик дар боғи саҳни ҳавлии хонааш қолину кӯрпача паҳн карда, сипас меҳмононро меҳмоннавозӣ мекунад.

Ғайр аз ин, меҳмонон барои суҳбат бо фарзандони Асадулло фурсат ёфтаанд. Яке аз кӯдаконро мепурсанд, ки аз сафари Ҳаҷ волидайнаш ба вай чӣ биёранд? Сипас кӯдаки аз ҳама калон ҷавоб додааст, ки ҷайнамоз мехоҳам.

Илова мекунем, ки он мард барои чунин туҳфаи саховатмандона ва ғайричашмдошт ба меҳмонон миннатдорӣ баён кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *