Амирбек Мӯсоев

Фонограмма. Ё вақте дар мусиқӣ самимият нест…

Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чандин барномаҳои консертиро тариқи телевизионҳои гуногун тамошо ва мулоҳиза кардам. Бовар кунед, ҳама фонограмма!!!

Вақте ки солҳои 70-ум ба олами мусиқӣ ворид шудам, хело хуб дар ёдам ҳаст, ки самимияти навозандагӣ ва сарояндагӣ бараъло эҳсос карда мешуд. Тамоми барномаҳои консертӣ, ҳунарнамоии ҳар як ҳунарманди филармония, дастаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо бо тарзи зинда пешкаш карда мешуд. Барои мисол, Ҳунармандони бузурги кишварамон, сарояндагони соҳибмактаб Акашариф Ҷӯраев, Зафар Нозим, Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Муродов, Абдулло Назриев, Боймуҳаммад Ниёзов, Маъруфхуҷа Баҳодуров, Дӯстмурод Алиев, Нигина Раупова, Мастона Эргашева, Давлатманд Холов, Сураё Қосимова, Бобоҷон Азизов, Саидқул Билолов, Панҷшанбе Палаев, Нуқра Раҳматова, овозхонони машҳури оркестри эстрадии «Гулшан» Лайло Шарипова, Тоҷиддин Муҳиддинов, Муқаддас Набиева, Хурмо Ширинова, Баҳодур Неъматов, Умар Зиёев, Кароматулло Курбонов ва даҳҳо-даҳҳо ҳунармандони шинохта ҳисоботҳои эҷодии худро пеш аз ҳама дар назди шунаванда ва бинанда бо овози зинда, навозиши зинда пешкаш мекарданд.

Як анъанаи бузурге буд, ки солҳои 60-70 ва 80 ин ҳунармандони маъруф алалхусус дар ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар карда мешуданд.

Бо ин суханҳо гуфтаниям, ки агар имрӯза ҳунармандони мо, сарояндаҳои ҷавони сершумори мо бо тарзи зинда ҳунарнамоӣ кунанд, фарҳангу санъати мо боз ҳам ба қуллаҳои баланд ноил мегардад.

Барои ҳамин, дар олами мусиқии имрӯза берун аз Тоҷикистон ягон сарояндаи мо муаррифгарии бузурге надорад. Барои чӣ ҳунармандони Аврупо, Ҳиндустон, Туркия, шарқ, албатта асилҳояш, бузург гаштанд? Чунки ҳамеша бо овози зинда ҳунарнамоӣ мекунанд.

Амирбек МӮСОЕВ, раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *