Ҳоҷӣ Мирзо

Подоши амалҳои нек. Суол ба руҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо

Дар моҳи Рамазон кадом амал аҷру подоши бештар дорад?

АСАД, аз ноҳияи Данғара

Посух:

— Салмони Форсӣ ривоят намудааст, ки паёмбари дини мубини ислом, ҳазрати Муҳамммад (с) чунин гуфт: «Ҳар шахсе дар ин моҳ як амали хайрро анҷом диҳад ва ҳадафаш танҳо ризо ва хушнудии Худованд бошад, ба андозаи як амали фарз ба ӯ савоб мерасад ва ба ҷо овардани як амали фарз дар ин моҳ савоби ҳафтод фарзро дар дигар моҳҳо дорад».

Аз ҳадиси мазкур чунин бармеояд, ки ҳар амали хайр дар моҳи Рамазон 70 маротиба бештар аҷру савоб дорад, бинобар ин, ҳар фарди мусулмон бояд саъю талош кунад, то дар ин моҳ ҳарчи бештар амалҳои хайрро анҷом диҳад.

Кумак ба ятимону ниёзмандон, тиловати Қуръон, таом додан ба гуруснагон аз ҷумлаи беҳтарин накӯкориҳо дар ин моҳи муборак ба шумор мераванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *