Хуҷанд: Бунёди осоишгоҳи солимгардонӣ, чойхона, маркази ташхисию тиббӣ

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар соҳили рости дарёи Сир, кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Абӯалӣ Исматов маҷмааи хонаи баландошёна бо чойхона, маркази ташхисии тиббӣ, осоишгоҳ бунёд карда мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, лоиҳакаши иншоот «Бунёдгузори Суғдзамин» буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ «Авитсенна» ба анҷом расонида мешавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо лоиҳаи иншоот шинос гардида, ба он санги асос гузоштааст. Ӯ ташкили чунин иншооти сайёҳӣ ва хизматрасониро ба манфиати умум ва заминаи мусоид барои ташкили ҷойҳои нави корӣ арзёбӣ намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *