Баргузории ҳамоиши омӯзгорони забони русӣ дар Душанбе

Рӯзҳои 6-7-уми апрел дар Душанбе ҳамоиши байналмилалии “Забони русӣ — асоси рушди фазои таълимии Русия ва Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар майдони ҳамоиш 50 нафар директори мактаб ва зиёда аз 300 омӯзгор ҷамъ омаданд. Ҳамоиш дар мактаби русии ба номи Ю. Гагарин доир шуд.

Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, фароҳам овардани имконият ба омӯзгорон барои ташкили муколамаи озод, табодули таҷриба дар корҳои методӣ ва ҳамкорӣ бо кӯдакон пешбинӣ шудааст.

Дар маросими ифтитоҳ сафири Русия Семён Григорев ва муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон Ҷамшед Ҳабибулло суханронӣ карданд. Онҳо аҳамияти забони русиро барои ҳамкории ду кишвар на танҳо дар соҳаи маориф ва илм, балки дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат таъкид карданд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2023 дар ҳудуди ИДМ «Соли забони русӣ» эълон шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *