Қасри фарҳанги Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд

Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шурободи собиқ) ба номи Давлатманд Хол, ҳунарманди номвари кишвар гузошта шуд.

Дар ин бора маҷлиси вақилони халқи вилояти Хатлон қарор қабул кардааст.

Қарори мавриди назар 12 декабри соли равон, дар иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум қабул шудааст.

Давлатманд Хол, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон буд.

Ӯ дар ҷодаи мусиқӣ ва санъат яке аз нобиғаҳои барҷастаи Шарқ ба шумор рафта, дар умри бобаракати хеш оҳангҳои зиёди руҳбахш эҷод намудааст. Давлатманд Хол дар Тоҷикистон мактаби бузурги фалаксароиро ривоҷ бахшид ва аз худ ҳунари воло ба мерос гузошт.

Ӯ шогирдони зиёдеро ба камол расонид ва дар ташаккулу рушди фалаксароӣ хидмати бемисл намудааст. Давлатманд Хол бо ишқи фалак зиндагӣ кард ва дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Фаронса, Амрико, Голландия, Англия, Ҳиндустон, Покистон бо ҳунари фалаксароӣ мардумро ба ваҷд оварду номи тоҷикро баланд бардошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *