Қазоқистон 9-уми майро бойкот эълон кард. Чаро?

Қаблан паради неруҳои мусаллаҳи Қазоқистон бахшида ба 9-уми май соли 2018 баргузор мешуд. Одатан, ин чорабинӣ дар ду сол як маротиба баргузор мешавад.

Қазоқистон ният надорад дар соли 2022 паради Рӯзи Ғалаба баргузор кунад. Дар ин бора Sputnik Қазоқистон бо такя ба хадамоти матбуоти Вазорати дифоъи ҷумҳурӣ хабар додааст. «Ба маълумоти шумо мерасонем, ки паради соли 2022 бахшида ба 30-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Қазоқистон ва Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба нақша гирифта нашудааст»,- гуфта мешавад дар иттилоия.

Қобили зикр аст, ки дар солҳои 2020 ва 2021 мақомоти ҷумҳурӣ бар асари пандемияи ҷаҳонии коронавирус парадро лағв карданд. Паради низомӣ дар Қазоқистон дар ду сол як маротиба баргузор мешавад. Сабаби лағв шудани паради идона дар соли ҷорӣ дар чист, дар раёсат аз шарҳ худдорӣ намудаанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2022-юм 30-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Қазоқистон аст. Дар доираи чорабиниҳои идона баргузории чорабиниҳои гуногуни ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар назар аст. Илова бар ин, дар кишвар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Қазоқистон қадрдонӣ карда мешаванд.

Дар маҷмуъ, Вазорати дифоъ ният дорад, ки дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 50 чорабинии гуногун баргузор намояд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ғайр аз 178 ҳазор нафар, ки дар сафҳои Армияи СССР хизмат кардаанд, 1 миллиону 200 ҳазор нафар аз Қазоқистон ба Армияи Сурх даъват карда шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *