Ду шикасти «Истиқлол» дар ду бозии аввал

Клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 дар гуруҳи «А» бо дастаҳои «Ал Райян», «Шарҷа» ва «Ал Ҳилол» бозӣ мекунад, дар ду бозии аввали худ ба шикаст дучор шуд.

«Истиқлол» дар бозии якум бо «Ал Райян» бо натиҷаи 2:3 мағлуб шуд. Голҳои «Истиқлол»-ро Шаҳром Сулаймонов ва легионери ўзбекистонӣ Муҳаммад Исоев заданд.

Дар даври дуюм шогирдони Виталий Левченко бо дастаи «Шарҷа»-и Амороти Муттаҳидаи Араб бозӣ карданд. Чун бозии гузашта душанбегиҳо бо ҳисоби 1:0 пешсаф буданд, вале баъдан бартариро аз даст доданду бо ҳисоби 1:2 шикаст хўрданд. Аз ҳайати «Истиқлол» голи ягонаро капитани даста Манучеҳр Ҷалилов ба нишон расонд. «Истиқлол» бозии навбатии худро дар мусобиқаи пурнуфузи қораи Осиё рўзи 15-уми апрел бо пешсафи гуруҳи «А», бошгоҳи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ, ки дар оғози Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 пайиҳам ду пирўзӣ ба даст овард, анҷом медиҳад.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *