Костюмҳои нав бозиро оё рангину шавқовар мекунанд?

Федератсияи футболи кишвар клубҳоро тавассути тақсими костюмҳои нав дастгирӣ кард: ҳангоми таҳияи тарҳи онҳо рангҳои анъанавии дастаҳои Тоҷикистонро ба назар гирифтаанд.

Бошгоҳҳои Тоҷикистон дар Лигаи олӣ шакли нав гирифтанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи кишвар хабар додааст. Маҷмӯаҳо ба дастаҳои асосӣ ва эҳтиётӣ дода шудаанд.

Ба  ғайр аз либоси ягона, ба бозигарон костюмҳои спортӣ, куртаҳои поло, шортҳои бермудӣ ва кроссовкаҳо дода шудаанд. Барои омӯзиш маҷмӯи алоҳида бароварда шудааст. Варзишгарон метавонанд чизҳои заруриро дар халтаҳои қулай ҷойгир кунанд. Дар вақти тартиб додани лоиҳаи либоси ягона мутахассисон рангҳои анъанавии дастаҳои тоҷикро ба назар гирифтаанд. Як ширкати машҳури испанӣ, ки  ба истеҳсоли либос машғул аст, либосҳои махсус барои футболбозони тоҷикро дӯхтааст. Барои бозингарон тӯбҳои футбол боз як туҳфаи хубест. ФФТ таъкид кардааст, ки чунин тадбирҳо дар чаҳорчӯби дастгирии бошгоҳҳои Лигаи олии кишвар сурат гирифтаанд.

Ёдовар мешавем, ки 2-юми апрел дар Тоҷикистон 31-умин чемпионати ҷумҳурӣ оид ба футбол оғоз ёфт. Дар мусобиқа 10 бошгоҳ: «Истиқлол», ССКА, «Хуҷанд», «Эсхата», «Истаравшан», «Хатлон», «Файзканд», «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» ва «Равшан» (Зафаробод) ширкат мекунанд.

Ин дафъа мусобиқа дар шакли нав баргузор мешавад. Ҳар як даста 22 бозӣ хоҳад кард. Дар марҳилаи аввал бошгоҳҳо дар 2 давр бозӣ мекунанд. Баъд командаҳо ба 2 гуруҳ тақсим мешаванд. Нуқтаҳои дар марҳилаи аввал гирифташуда захира карда мешаванд.

Аз рӯи натоиҷи марҳилаи аввал 5 бошгоҳи беҳтарин дар гуруҳи «А» дар як давр вохӯрда, дар ҷадвали мусобиқа ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро ишғол мекунанд. 5 дастаи боқимонда дар гуруҳи «В» рақобат мекунанд. Онҳо барои ҷойҳои аз 6-ум то 10-ум мубориза мебаранд ва ба ин васила ҷойҳои худро дар Лигаи олӣ нигоҳ медоранд. Ду дастае, ки дар зинаи охирини ҷадвал қарор доранд, ба Лигаи якум роҳ меёбанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *