Қазоқистон

Қазоқистон ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона ирсол намуд (видео)

Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон ба маблағи тақрибан $1,8 млн кумаки башардӯстона ирсол намуд. Ин кумак иборат аз равғани дизелӣ — 5 ҳазор тонна мазут мебошад, ки барои кори муътадили иншооти асосии энергетикии кишвар зарур аст.

Сертификати кумаки башардӯстонаро санаи 21-уми феврал дар шаҳри Душанбе сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Туреханов ба Нурмаҳмад Аҳмадзода — директори Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон супорид.

Сафир қайд намуд, ки дар заминаи ҳамкориҳои стратегии ду кишвар ҳафтаи гузашта ба Тоҷикистон 30 тонна дизел, 80 тонна равғани дизел ва як экскаватор оварда шуда буд.

Нурмаҳмад Аҳмадзода ба ҷониби Қазоқистон ҷиҳати расонидани кумаки башардӯстона изҳори минатдорӣ намуд.

Валихан Туреханов гуфт, ки то ҳол 54 адад вагон бо мазут вориди Тоҷикистон шуда, 27 адад вагони дигар дар роҳ аст ва дар кӯтоҳтарин муҳлат ба Тоҷикистон ворид карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *