Қазоқистон ба Тоҷикистон маводи тиббӣ медиҳад

Қазоқистон ният дорад, ки интиқоли сианиди натрий ба Тоҷикистонро идома диҳад. Дар ин бора Kazinform бо такя ба қавли муовини вазири саноат ва рушди зерсохтори Қазоқистон Динара Шеглова хабар дод.

«Таъмини сианиди натрий (ҶСК Talas Investment Company) барои корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай кайҳо боз ба роҳ монда шуда, тамоюли он ҳар сол афзоиш меёбад. Мо аз он шодем, ки ин таҳвилҳоро дар нақша-чорабиниҳои муштараки имрӯза миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон муттаҳид менамоем»,- гуфт Динара Шеглова.

Муовини вазир афзуд, ки ҶСК «Алюминий Қазоқистон» Тоҷикистонро бо гилхок (оксиди алюминий) таъмин менамояд. Ин таҳвилҳо устувории солона ва тамоюли афзоишро дар пай хоҳанд дошт. Ҳамин тариқ, дар семоҳаи аввали соли 2023-юм 23,07 ҳазор тонна интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 27% зиёд мебошад. ҶСК «АрселорМиталТемиртау» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қири ангиштсанг медиҳад.

«Илова бар ин, мо пешниҳод менамоем, ки ҳамкорӣ дар самти таъминоти маводи тиббӣ густариш дода шавад»,- афзуд Динара Шеглова.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки тоҷирони Қазоқистон ва Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиарду 300 миллион доллар қарордод имзо карда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *