Намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мизбони чорабинии сатҳи байналмилалӣ шуд, ки дар он намояндагони сатҳи воломақоми Иттиҳоди Аврупо иштирок намуда, самтҳои муҳимтарини ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Бино ба иттилои ДМТ, дарр чорабинӣ зумрае аз сафирони Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе, аз ҷумла сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис, сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Белгия дар Тоҷикистон Анри Вантигем, сафири Эстония Томас Тирс, сафири Финляндия Илкка Райсянен,  сафири Гретсия Катерина Насика, сафири Нидерландия Андрей Карстенс, сафири Испания Хорхе Урбиола Лопес де Монтенегоро ва ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намудаанд.

Вохӯрӣ бо сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ. Х. оғоз ёфта, гуфта шудааст, ки ин вохӯрӣ ба сисолагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бахшида шудааст.

— Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо соли 1992 барқарор гардида, бо ифтитоҳи намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо соли 2001 ва Намояндагии Комиссияи Аврупо дар Душанбе дар соли 2004 фаъол гардиданд,- маълумот медиҳад манбаъ.

Зимнан, таъкид карда шудааст, ки муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба ду ҳуҷҷати стратегӣ асос меёбанд: Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки соли 2004 ба имзо расида, моҳи январи соли 2010 ба қувваи амал даромадааст, ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро танзим менамояд. Инчунин, Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, ки соли 2019 қабул гардид, равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро танзим менамояд.

«Ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, қолабҳои гуногуни ҳамкорӣ дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи муносиботи ҷонибҳоро пеш мебаранд. Ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар самти маориф дар доираи барномаҳои Темпус, Эразмус Мундус ва Эразмус+-и Иттиҳоди Аврупо, ки барои ба ҳам овардани донишгоҳҳои Тоҷикистону Аврупо ва амалисозии барномаҳои таҳсиливу табодули донишҷӯён мусоидат мекунанд, сурат мегирад»,- гуфта шудааст дар вохӯрӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *