Хуҷанд: Иштирокдорони ҷабҳаи ақибгоҳи ҶБВ аёдат шуданд

Аз ҷониби раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуазиз Зуҳуров якчанд нафар ашхоси дар ҷабҳаи ақибгоҳи ҶБВ хизматнамудаи шаҳр мавриди аёдат қарор дода шудаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, ба аёдатшудагон Маҷид Шарипов, Қутфинисо Раҳмонова, Самия Азизова, Бибифайзӣ Қодирова, Марҳамат Бобоҷонова ва Фотима Шукурова кумакпулии якдафъаинаи раиси вилояти Суғд ба маблағи 4000 сомонӣ, кумакпулии раиси шаҳри Хуҷанд ба маблағи 2000 сомонӣ ва маводҳои ниёзи аввалияву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шудааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуазиз Зуҳуров зимни суҳбати самимӣ бо ашхоси дар ҷабҳаи ақибгоҳи ҶБВ хизматнамудаи шаҳр эшонро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику таҳният гуфта, барояшон сиҳатмандии комил, сарбаландӣ, саодати рўзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осударо таманно намуданд. Таъкид гардид, ки омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корномаву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *