Пешниҳодот дар Ню-Йорк: Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА дар сатҳи нав

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар ҳошияи Форуми Шӯрои иқтисодию иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид оид ба илм, технология ва фановарӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар шаҳри Ню-Йорки ИМА бо муовини директори Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Дженевева Боутин мулоқот анҷом додааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм, зимни мулоқот Раҳим Саидзода ба Дженевева Боутин ҷиҳати ҳамкории пайваста ва судманд дар самти рушди соҳаи маориф ва илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, қайд кардааст, ки Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон аз соли 1993 инҷониб фаъолият намуда, яке аз шарикони асосии соҳаи маориф ба шумор меравад.

Сипас, Дженевева Боутин иброз доштааст, ки ҳамкориҳои тарафайн имкон медиҳанд, то дар самти пешбурди фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ, махсусан барои Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) ҷиҳати анҷоми корҳои назаррас дар соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам оварда шавад. “Дар ояндаи наздик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро, ки бисёр дар сатҳи хуб пеш рафта истодааст, дигаргуниҳои зиёд интизор аст”,- гуфтааст ӯ.

— Дар идома миёни ҳозирин суҳбати самимӣ оид ба пешбурди фаъолияти минбаъда сурат гирифта, пешниҳодҳо ҷиҳати дар сатҳи нав ба роҳ мондани ҳамкориҳо аз ҷониби тарафҳо ироа гардид,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *