Нимпайкараи Қиёмиддин Чақалов дар Файзобод

6-уми майи соли равон дар МТМУ №35-и ноҳияи Файзобод, ки номи ҳунарпешаи зиндаёд Қиёмиддин Чақаловро дорад, нимпайкараи ӯ гузошта шуд.

Нимпайкара бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, ҷамъи ёру дӯстон, ҳунармандони Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва ихлосмандону завқмандони ҳунари ҳунарпеша гузошта шуд.

Ҳамчунин дар таълимгоҳи номбурда, ки дар шафати хонаи ин ҳунарманди асил ҷой дорад, осорхонаи Қиёмиддин Чақал кушода мешавад.

Аз мавсуф на танҳо дар Файзобод, балки дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун як устоди соҳибтаҷрибаи соҳаи театру кино ёд мекунанд ва ба маҳорати эҷодиаш арҷ мегузоранд. Қиёмиддин Чақал дар баробари ҳунарманди асил буданаш дар навиштани шеърҳои ҳаҷву танзомез низ маҳорати хоса дошт ва бо ин ҳунараш низ сомеони худро ба завқ меовард. Манзумаи ҳаҷвиаш бо номи «Дилам санбӯса мехоҳад» намунаи олии ҳаҷву кинояҳои устод Қиёмиддин Чақал мебошад.

Р. НАЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *