Даргузашти Шарифҷон Учқурғонӣ — посдори забони тоҷикӣ дар Қирғизистон

7-уми майи соли равон муаллим, журналист ва шоири тоҷики Қирғизистон Шарифҷон Учқурғонӣ аз олам даргузашт. Марҳум 93 сол дошт.

Шарифҷон Абдураззоқов (тахаллуси эҷодӣ Шарифҷон Учқурғонӣ) 16-уми декабри соли 1931 дар деҳаи Учқурғон, ноҳияи Қадамҷои вилояти Бодкан дида ба олам кушодааст. Аввал омӯзгор будааст ва аз соли 1958 то соли 1962 дар вазифаи муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Байроқи мусобиқа”, ки бо ташаббуси котиби якуми КМ ҲК Қирғизистон Исҳоқ Раззоқов ба забони тоҷикӣ ташкил шуда буд, кор кардааст.

Дар соли 1962 ба кори омӯзгорӣ баргашта, то соли 1991 дар мактаби миёнаи ба номи устод Айнӣ забону адабиёти тоҷик ва ӯзбекро ба шогирдон дарс дод. То охири умр машғули корҳои эҷодӣ буд.

Аз соли 1997 то имрӯз ҳафт маҷмӯаи ашъори ӯ ба чоп расидаанд. Ашъораш дар китобҳои “Панди падар”, “Таҷрибаи рӯзгор”, “Замони ман”, «Ашъори вопасин» нашр шудааст.

Шарифҷон Учқурғонӣ ба забонҳои ӯзбекӣ ва қирғизӣ низ асар эҷод кардааст.

Шарифҷон Учқурғонӣ узви Иттиҳодияи нависандагони Қирғизистон ва Тоҷикистон буд. Ӯ аълочии маорифи Қирғизистон аст. Бо фармони Президенти Тоҷикистон муҳтараам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи 11-уми июли соли 2003 бо медали “Барои хизмати шоиста” сарафроз гардид. Дар соли 2007 бо медали тиллои Фонди хайрияи ба номи А. Фирдавсӣ мукофотонида шуд.

Фарзандаш Миродил Абдураззоқов дипломати шинохтаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, солҳои зиёд ба унвони консули сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон ва шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон масъулият доштааст. Мавлонҷон Абдураззоқов — дигар писарашон тоҷири муваффақ ва ҳомиву пуштибони мактабу маорифи тоҷик дар Қирғизистон ва сармоягузори ҳамаи китобҳои падараш аст. Музаффар Абдураззоқов муҳандис аст ва духтараш омӯзгори мактабҳои тоҷикии Учқурғон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *