Қирғизистон: Ба Боқиев ғоибона 10 сол доданд

Суди ноҳияи Первомайскии Бишкек президенти пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиевро ғоибона ба даҳ соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора “Интерфакс” бо истинод ба хадамоти матбуоти ҳамин суд хабар додааст.

«Боқиев дар содир намудани ҷинояти коррупсионӣ гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати даҳ сол бо мусодираи молу мулк ва ба муддати се сол маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатӣ маҳкум карда шуд»,- гуфта мешавад дар хабари суд.

Тахмин меравад, ки бо назардошти ҳукмҳои қаблӣ, Боқиев, ки дар Белорус зиндагӣ мекунад, бояд 30 сол зиндонӣ шавад.

Ёдовар мешавем, ки Қурмонбек Боқиев аз соли 2005 то 2010 Президенти Қирғизистон буд. Моҳи июли соли 2021 КДАМ-и Қирғизистон эълон кард, ки Боқиев ва президенти нахустини Қирғизистон Аскар Акаев ба ҷурми фасод дар коркарди кони тиллои Кумтор дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, Акаев барои сӯйистифода аз мақом дар пайи созиш бо сармоягузорони Канада дар солҳои 1992-1994 ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Боқиев низ аз рӯи ҳамин моддаҳо — барои бастани созишномаҳои баъдӣ бо сармоягузорон муттаҳам аст.

Тафтишот ҳамчунин эҳтимоли даст доштани ду президенти собиқи дигар — Алмосбек Отамбоев ва Сооронбай Ҷээнбековро дар бастани қарордодҳо бо ширкатҳои Канада, ки ба зарари Қирғизистон аст, муайян мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *