Пешвозгирии футболбоз дар Чин. Мессиро дар меҳмонхона “қуфл” карданд?

— Сарусадо дар бораи омадани футболбози аргентинӣ Месси ба Пекин бузург буд. Мухлисони чинӣ Мессиро дар меҳмонхона «қуфл карданд»,- хабар медиҳанд расонаҳои Global Times.

Месси рӯзи шанбе вориди Пекин шуд. Мунтахаби ӯ рӯзи 15-уми июн дар пойтахти Чин дар бозии дӯстона бо Австралия рақобат мекунад. Ба навиштаи рӯзнома, тамрини тими миллии Аргентина аслан шоми якшанбе дар яке аз марказҳои варзишии Пекин ба нақша гирифта шуда буд. Аммо ба далели мухлисони «бағоят дилчасп», ки дар назди меҳмонхонаи тими миллии Аргентина ҷамъ омада буданд, даста «наметавонист аз меҳмонхона берун равад» ва тамрин лағв карда шуд.

Чанде пеш расонаҳо дар бораи боздошти Месси дар яке аз фурудгоҳҳои Чин хабар доданд. Нашрия қайд мекунад, ки яке аз мухлисони чинӣ қабл аз маълум шудани дар куҷо мондани Месси дар чаҳор меҳмонхонаи боҳашаммати пойтахт кӯр-кӯрона ҳуҷраҳоро брон карда, барои вохӯрӣ бо футболбози маъруф беш аз 10 ҳазор юан (тақрибан 1400 доллар) харҷ кардааст.

Қаблан “La Gazzetta dello Sport” хабар дода буд, ки пас аз омадани Месси ба Чин дар интернет пешниҳодҳои зиёди шубҳанок пайдо шуданд, аз ҷумла чипта ба варзишгоҳ ба маблағи 650 евро, бастаи инфиродии VIP, ки дорои футболка бо имзои аргентинӣ, курсиҳо дар сафи пеш ва сурат бо футболбоз мебошад.

Ба гуфтаи пулис, фурӯшандагон бо вуҷуди он ки барои ворид шудан ба варзишгоҳ квитансияи пардохт ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият зарур аст, чиптаҳоро бо қимати беш аз се баробар бештар аз нархи аслӣ мефурӯшанд.

Пари Сен-Жермен қаблан эълон карда буд, ки шартномаи Месси пас аз анҷоми мавсим то 30-юми июн ба охир мерасад. Рӯзи чоршанбе ин аргентинӣ дар мусоҳиба бо Mundo Deportivo эълон кард, ки фаъолияти худро дар Интер Майами идома медиҳад. Аргентинӣ қаҳрамони ҷаҳон, барандаи Ҷоми Амрико ва барандаи ҳафткаратаи “Тӯби тиллоӣ” аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *