Боздошти ду ронандае, ки “мошинпойга” мекарданд

Кормандони милитсияи пойтахт ду ронандаеро, ки дар кӯчаи Ҷ. Расулови шаҳри Душанбе ба сабқати мошин машғул шуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд, дастгир кардааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти РКВД дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод.

Тибқи гузориши манбаъ, ронандагони ду мошин, яке “Волга”-и рақамҳояш 1000LW01 ва дигаре “Мерседес”-и рақамҳояш 0048РА01, ки ба Абдухалил Назарзодаи 32-сола, сокини кӯчаи Дарёободи ноҳияи Фирдавсӣ ва Муҳаммадюсуф Сатторови 27-сола, сокини ҳамин ноҳия тааллуқ доштаанд, боздошт карда шудаанд.

“Зимни санҷиш муайян шуд, ки номбурдагон аввалҳои моҳи март дар кӯчаи Ҷ. Расулови шаҳри Душанбе бо мақсади муайян намудани бартарии мошини худ, байни ҳамдигар сабқат намуда, ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд овардаанд. Ҳамзамон лаҳзаи қонуншикании худро ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр кардаанд”,- омададст дар хабар.

Манбаъ меафзояд, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *