Қобилҷон Хушвахтзода барои муҳаққиқони тоҷик дар Ҷопон роҳ кушод

Имрӯз, 2-юми декабр дар шаҳри Токио мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷопон  доир шуд.

“Ҷонибҳо доир ба дурнамои рушди ҳамкориҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, густариши корҳо дар самти рушди илмҳои дақиқ, тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ дар ҳарду кишвар суҳбат намуданд”,-иттилоъ доданд аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Pressa.tj

 Аз ҷумла, ҷонибҳо вобаста ба пайванди илм бо истеҳсолот, муҳайё намудани шароити корӣ барои олимону муҳаққиқон дар ҳарду давлат ҷиҳати андӯхтани таҷрибаи корӣ ва умуман равобитаҳои илмӣ — амалӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Ҷопон ба мувофиқа расиданд.

Мақсад аз вохӯрии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода низ барои осон намудани кор дар ниҳодҳои илмӣ ба олимону муҳаққиқони ҷавони илмӣ аст.

Гуфта мешавад, ки минбаъд магистрантону докторантони кишвар метавонанд барои сайқал додани корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ба Ҷопон сафар кунанд. Ҳамчунин, зимни мулоқот таъкид гардид, ки муҳаққиқони давлати Ҷопон низ метавонанд, ба Тоҷикистон омада, дар шароити мусоиди ниҳодҳои илмӣ – таҳқиқотӣ омоданамудаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмӣ – таҳқиқотиро гузаронанд.

Бояд гуфт, ки  Ҷопон яке аз кишварҳои пешрафта дар самти истеҳсоли технологияи муосир буда, дар ҷаҳон ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бидуни технологияи муосир ғайриимкон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *