Қубодиён: Орзуи 30-солаи сокинон амалӣ мешавад

Бо гузашти беш аз даҳ сол корҳои сохтмонӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Қубодиён оғоз шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки бунёди боғ аз соли 2010 ба нақша гирифта шуда буд.

Муъминхӯҷа Давлатзода, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Қубодиён дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки аз соли 2010 се гектар замин бо қарори раиси ноҳия барои бунёди боғ ҷудо шуда буд. Ӯ мегӯяд, ки тибқи талабот бояд замини корами обӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешуд. Аз ҳамин сабаб оғози корҳои сохтмонӣ дар боғи мавриди назар тӯл кашид.

“Хушбахтона, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маркази ноҳияи Қубодиён ҳафт гектар замин барои бунёди боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ҷудо карда шуд. Мақомоти маҳаллӣ бо соҳибкорони ватанӣ шарномаи 20-сола бастааст ва аз январи соли 2023 корҳои сохтмонӣ оғоз карда шудаанд. Дар марҳилаи якум дар майдони се гектар кор оғоз шудааст, ки дар назар аст то сентябри соли равон ба истифода дода шавад”,- афзуд ӯ.

Муъминхӯҷа Давлатзода мегӯяд, ки боғи мавриди назар бо тамоми шароити истироҳат барои сокинон бунёд мешавад. Ӯ афзуд, ки чунин боғ то ҳанӯз дар ноҳияи Қубодиён собиқа надорад.

— Аз сабаби хунукназарии баъзе аз масъулин дар маркази ноҳияи Қубодиён як мавзеъ ҳамчун боғ сабт шуда буд. Аммо он боғ ҳам набуд. Ҷое, ки боғи фарҳангӣ гуфта мешуд, дар шафати қалъае ҷойгир аст, ки мувофиқи меъёр сохтмон дар онҷо мумкин нест. Ҳоло бо гузашти сол ва ба талабот ҷавобгӯ набудан он боғ тахриб карда шуд,- афзуд вай.

Соҳибкореро, ки масъулияти корҳои сохтмониро дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Қубодиён ба уҳда гирифтааст, мутаассифона, пайдо карда натавонистем.

Маҳмадраҳим Ҷӯраев, раиси ҷамоати деҳоти Носири Хусрав ҳам дар суҳбат аз оғоз шудани корҳои сохтмонӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ истиқбол карда, гуфт, ки бунёди боғ барои таъмини истироҳати сокинон бисёр мувофиқ аст. Ӯ мегӯяд, ки “имсол дар марҳилаи якум майдони се гектарро ба истифода медиҳем”.

Бино ба иттилои расида, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Қубодиён амфитеатр, марказҳои хизматрасонӣ, майдончаҳои гуногуни варзишӣ, ошхона, ҳавзи шиноварӣ ва гулгашту фаввораҳои муосир бунёд мешаванд.

Сокинони ноҳияи Қубодиён аз бунёди боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо хушнудӣ истиқбол карданд. Умеда, як сокини ноҳияи мавриди назар гуфт, ки “мутаассифона, дар маркази ноҳияи мо ҷое барои истироҳат набуд. Мо намедонистем бо кӯдакон ба куҷо барои истироҳат равем. Сохтмони боғ орзуи чандсолаи мо сокинони ноҳияи Қубодиён аст. Баъди ба охир расидани корҳои сохтмонӣ вақтҳои холигӣ метавонем ба боғ рафта истирҳат кунем”.

Ӯ мегӯяд, ки бо таъин шудани Мирзодавлат Сабурзода ба ҳайси раиси ноҳияи Қубодиён таваҷҷуҳ ба афзудани суръати корҳои ободонӣ бештар шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар боғи фарҳангӣ ҳам хушбахтона бо ташаббус ва иқдомҳои ӯ оғоз шудааст.

Ноҳияи Қубодиён бештар аз 210 ҳазор ҷамъият дорад. Мутаассифона, бо гузашти беш аз 30 сол аз замони соҳибистилолии Тоҷикистон то ҳанӯз боғи фарҳангӣ-фароғатӣ надошт. Хушбахтона бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар ояндаи наздик мушкили набудани ҷойи истироҳату фароғати сокинон бартараф карда мешавад. 

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *