Театри русии Маяковский сазовори «Шоҳҷоиза»-и «Парасту-2023» шуд

4-уми май дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2023» доир гардид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.

Дар ҷашнвораи мазкур ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода, раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ ва аҳли фарҳангу ҳунари мамлакат иштирок доштанд.

Гуфта мешавад, ки дар маросими ҷамъбасти Фестивал-озмун «Шоҳҷоиза» ба Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ба намоиши «Мастер ва Маргарита» аз рӯи асари Михаил Булгаков дар таҳияи Хуршед Мустафоев дода шуд.

Дар номинатсияи беҳтарин намоиш ҷойи якумро «Пораабри сафеди Чингизхон»-и Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз рӯи асари Чингиз Айтматов дар таҳияи Суҳроб Усмонов касб кард.

Ба намоиши «Зол ва Рудоба»-и Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аз рӯи асари Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода ҷойи дуюм супурда шуд.

Сазовори ҷойи сеюм бошад, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ барои намоиши «Савдо» дар таҳияи Умед Хусравов гардид.

Бояд таъкид кард, ки Фестивали мазкур ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 85-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев бахшида шуда, дар он 18 театри касбии ҷумҳурӣ иштирок карда, беҳтарин намоишномаҳое, ки тӯли солҳои 2021 – 2022 рӯи саҳна омадаанд, барои мухлисони санъати театрӣ ва қазовати ҳайати ҳакамон пешниҳод мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *