Қурбоналӣ Собирзода: Дар Хатлон парвариши дарахтони нодир афзоиш меёбад
Дар назар аст, ки дар вилояти Хатлон дар майдони 30 гектар ниҳолпарваришгоҳ ташкил шавад. Баъди ҷудо кардани замин ва шинонидани дарахтони гуногун он дар ихтиёри шуъба ва бахши ҳифзи муҳити зист вогузор мешавад.
Қурбоналӣ Собирзода, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар минтақаи Бохтар 20 гектра ва дар минтақаи Кӯлоб 10 гектар замин ҷудо мешавад.
Ӯ мегӯяд, дар чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аллакай замин ҷудо шудааст ва шинонидани дарахтони гуногуни нодир идома дорад.
Ба таъкиди вай, дар ниҳолпарваришгоҳҳо дарахтони нодир парвариш мешаванд ва барои васеъ кардани ҷангал истифода мешаванд.
“Дар шаҳру ноҳияҳои Хуросон 4 гектар, Ҷайҳун 3 гектар, Қубодиён 2 гектар, Шаҳритус 2 гектар, Панҷ 3 ва Носири Хусрав 2 гектар замин барои парвариши дарахтони гуногун ҷудо карда мешавад. Дар майдони 14 гектари дигар дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон майдони парвариши дарахтони гуногун ташкил мешавад”,-гуфт номбурда.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ