Қуръонсӯз боздошт мешавад
Прокуратураи Шветсия Расмус Палудан, раҳбари ҳизби рости ифротии “Сахтгир”-ро ғоибона ба ҳабс гирифт.
Палудан нафаре буд, ки моҳи январи имсол дар назди Сафорати Туркия дар Стокҳолм нусхае аз китоби Қуръонро оташ зад. Ин кори ӯ хашми Туркия ва баъзе кишварҳои мусалмониро ба миён овард.
Расонаҳои шведӣ менависанд, ки Расмус бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ ва душманӣ гумонбар мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ