Оилаи намунавӣ дар Душанбе муайян шуд

Дар шаҳри Душанбе озмуни «Оилаи намунавӣ» байни раисони ташкилотҳои ибтидоии Иттифоқи касабаи муассисаҳои таълимии чор ноҳияи пойтахт ҷамъбаст гардид

Комиссияи озмун дар байни раисони ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба, ки зану шавҳар ба касби омўзгорӣ машғул мебошанд ва дар таълиму тарбияи фарзандон нақш доранд, «Оилаи намунавӣ»-ро муайян намуд.

Ҳайати комиссияи озмун аз шароит ва расидан ба ҳадафҳои неки оиладорӣ бо оилаҳои намунавӣ Забирова С. — раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи МТТ №1-и ноҳияи Шоҳмансур, Восиева Г. — раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи «Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе»-и ноҳияи Фирдавсӣ, Бозорова С. — раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи МТМУ №53-и ноҳияи И. Сомонӣ ва Исоева Ҷ. — раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи МТТ №55-и ноҳияи Сино аз наздик шинос гардида, бо аъзои оилаи онҳо суҳбат намудааст.

Бо назардошти ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар маърифати оиладорӣ, оилаҳои намунавии зикргардида ғолиби озмун дониста шуда, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе ҳавасманд гардонида шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *