шарҳи матбуот

Аз Рӯзи Ғалаба то ҳафтаи Ҳошим Гадо дар расонаҳо

Ин ҳафта чанд мавзуи муҳиму асосӣ буданд, ки дар расонаҳои чопии кишвар инъикос ёфтанд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (№19 (1530), 10.05.2023) бахшида ба Рӯзи Ғалаба суҳбати ҷолибу мароқангезеро бо яке аз иштирокдорони ҶБВ Абдулазиз Қодирови 104-сола таҳти унвони “Аз қиссаҳои ду ҷанг то “гила” аз Президент” ба нашр расонид.

— Як командири куҳансол ба мо ривоятеро нақл карда буд. Гитлер дар хонаи як яҳудӣ хизматгор будааст. Хӯҷаин сарватманду машғули кори савдо будаааст. Чун Гилер ба воя мерасад, ҷавони хӯшрӯ мешавад. Хӯҷаин хавф мебарад, ки мабодо ӯ бо занаш ягон алоқа накунад. Бинобар ин, Гитлерро ахта мекунад. Вай бо қасос таҳсил карда, дар соҳаи ҳарбӣ ба дараҷаҳои баланд мерасад ва роҳбари кишвар мешавад. Ҳамин аст, ки ӯ тамоми умр аз яҳудиҳо қасос мегирифт,- аз ҷумла қисса мекунад Абдулазиз Қодиров.

Ба ҷуз ин қисса, бисёр дигар қиссаҳои ҷолибро аз мусоҳибаи мазкур метавон дарёфт.  

Рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№97 (24708), 10.05.2023) бошад, бо номи «Боздиди Сарвари давлат аз паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва» матлаб ба нашр расонида, аз ҷумла навиштааст: «Баъи анҷоми паради низомӣ дар Майдони сурх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои дигар кишварҳои иштирокчии чорабиниҳои тантанавӣ дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷанги харобиовари солҳои 1941-1945-ро гиромӣ доштанд».

Ҳамчунин, дар ҳамин шумораи рӯзномаи мазкур паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба Рӯзи Ғалаба метавон мутолиа намуд.

Зимнан, ҳафтаномаи “СССР” (№18 (763), 11.05.2023) мақолаи хонданиеро оид ба сарнавишти иштирокдори ҶБВ Атобой Буриев бо номи “Аз Ашт то Берлин” ба нашр расонидааст.

Писари Атобойи Аштӣ — Нозири Ато дар ин мақола оид ба марҳилаҳои қаҳрамониҳои падар қисса карда, ба хулоса омадааст, ки “аҳли башар дар остонаи 78-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қарор дорад. Ҷанги мудҳишу хонумонсӯзе, ки дар рафти он бо шарофати матонату мардонагии Буриев Атобой барин фарзандони сарсупурдаи Ватан, қувваҳои аҳриманӣ натавонистанд бар озодиву истиқлол, ободиву осудагии халқи шӯравӣ дастболо шаванд. Бешак, ин корнамоиҳо барои насли ҷавон ифтихори бузург буда, ҳамчун намунаи ибрати шоиста маҳсуб мешаванд. Ниҳоят бароям муяссар гашт, ки таърихи чи тавр бо ордени “Шараф” сазовор шудани падар, инчунин сабаби дар ному насаби ӯ ба вуҷуд омадани хатоиро ошкор ва ҳайқиқатро пойдор созам…”. Чӣ сабабҳоянд, дар ин мақола муфассал гуфта шудааст.

Ҳафтаномаи “Рекламая газета” (№19 (1135), 11.05.2023) бошад, таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” мақолаи муфассал ба нашр расонида, оид ба қаҳрамониҳои Домулло Азизов, Сафар Амиршоев, Фатҳулло Ахмедов, Урунбек Ёқубов, Неъмат Қаробоев, Аҳмадҷон Қурбонов ва чандин чеҳраҳои машҳури дигар аз Тоҷикистон, ки иштирокдори ҶБВ буданд, маълумот додааст.

Ҳафтаномаи “Аргументы и факты” (№19 (2216), 11.05.2023) ҳам ба ин мавзуъ дахл карда, мақолаеро таҳти унвони “Бо гашти асп” дар бораи кавалеристи Армияи Сурх Семён Будённий интишор додаву аз ҷумла навиштааст: “Як вақтҳо ин ном дар тамоми ҷаҳон танинандоз буд ва худи Будённийро бо сарлашкарони муваффақи Аврупо баробар медонистанд”.

Ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” (№19 (9809), 11.052023) ба мавзуи дигари муҳими ҳафта — сафари президенти Туркманистон ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ карда, гузориши муфассалеро бо номи “Маҷмуи масъалаҳои мубраму имзои эъломия ё 23 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон” интишор дода, аз ҷумла навиштааст: “Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сердар Бердимухаммедов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов ба Эъломия оид ба таъмиқи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон имзо гузоштанд”.

Сипас, баъди ҷой додани номгӯи 23 санади нави ҳамкорӣ, нашрия хулоса кардааст: “Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сердар Бердимухаммедов оид ба мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, зимни изҳороти хеш натиҷаҳои онро барои таъмиқи ҳамкориҳои минбаъда неку назаррас арзёбӣ карданд”.

Ҳафтаномаи «Азия плюс» (№17 (1604), 11.05.2023) бошад, бо истифода аз андешаҳои таҳлилгарон таҳти унвони «Кор нест!» матлаб ба нашр расонидаву суол гузоштааст, ки “оё имкони таъсиси миллион ҷойи корӣ дар Тоҷикистон ҳаст?”.

— Дар Тоҷикистон мувофиқат накардани сатҳи ихтисосмандии кадрҳо ба талаботи бозори муосир мушкили ҳамешагӣ аст,- навиштааст нашрия.

Мавзуи дигари асосии ҳафта мавлуди ҳунарманди нотакрори тоҷик Ҳоши Гадо буд. Дар ин маврид ҳафтаномаи «Фараж» (№18 (856), 11.05.2023) матлабе бо номи “Ҳошим Гадо: Аз саҳнаи театр то ба адабиёт” ба нашр расонидааст.

Муаллифи мақолаи мазкур назари мунаққидонро нисбати фаъолияти Ҳошим Гадо пеш овардаву бо изҳори нигаронӣ менависад: «Чаро солҳои охир ин ҳунарманди мумтоз ба иншои китоб рӯ овардааст? Шояд таҷрибаи андӯхтаашро гуфтан мехоҳад ё театру кино барои ибрози андешааш тангӣ мекунанд ё дар хона бекор истода наметавонад? Ҷавобашро худаш гуфтааст: «Боре дар Марокаш, ки он ҷо барои бозидани нақше дар як филм рафта будам, хабарнигоре аз ман пурсид: «Агар ҳунарпеша намешудед, кӣ мешудед?». Гуфтам: «Деҳқон». Ва ман деҳқонам, ки бояд кишт кунам. Корҳои хайр бояд бикорам, ҳоло ки зиндаам, бояд бикорам. Аз ин сабаб ман китоб менависам…».

Зимнан, нашрияи «Самак» (№18 (600), 11.05.2023) таҳти унвони “Оё Ҳошим Гадоро мешиносем?”, «Народная газета» (№20 (20405), 10.05.2023) бо номи «Роҳнаварди танҳо», “Тоҷикистон” (№19 (1530), 10.05.2023) таҳти унвони “Ҳошим Гадо: Дурӯғ нагуфтан қаҳрамонист” андешаҳои ин нобиғаи тоҷикро ба нашр расонидаанд.

Шарҳи матбуоти кишварро ҳар ҳафта қисмати аввали рӯзи ҷумъа дар сомонаи Pressa.tj интизор шавед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *