Ҳоли зори деҳқонони Панҷакент (аксҳо+видео)

Аз сабаби беобӣ зироати сокинони деҳаҳои Рукнобод ва Дашти Қозии шаҳри Панҷакент талафоти калон дида истодааст. Боғе, ки онро соле пеш Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дашти Қозӣ лентабурӣ карда буданд, имрӯзҳо рӯ ба хушкӣ овардааст.

Ин мушкилро дар сатҳи вилояти Суғд медонанд. Баъд аз иди Рамазон, дар охирҳои моҳи апрел раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба деҳаҳои Рукнобод ва Дашти Қозии шаҳри Панҷакент ташриф оварда, бо сокинон дар масъалаи насосу канал ва заминҳои обӣ суҳбат гузаронида, ба арзу шикоятҳои мардум гӯш дода, ваъда дод, ки мушкилӣ ба зудӣ роҳи ҳаллӣ худро меёбад.

Аммо моҳи май ҳам даромаду аз ҷониби масъулин, махсусан раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва раиси Идораи беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшони шаҳри Панҷакент Қурбон Усмонов то ҳол ягон чора дида нашудааст. Махсусан Қурбон Усмонов, ки 25 сол боз Идораи беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшони шаҳри Панҷакентро роҳбарӣ мекунад, пинаки худро вайрон карданӣ нест ва умедвор аст, ки имсол низ мардум мисли солҳои пеш ба камобӣ тоқат мекунанд. 

Соли 1960 канали Марғедар бунёд шуда, 7 пойгоҳи обкашӣ дорад. Канали Марғедар аз деҳаи Тагоби Халқи ҷамоати деҳоти Ворӯ оғоз шуда, то деҳаи Ғӯсари ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ идома меёбад, ки дарозии он 35 километрро ташкил медиҳад.

Аз канали Марғедар деҳаҳои Тагоби Халқ, Рукнобод, Гулистон, Ғаззаи пойини ҷамоати деҳоти Ворӯ, деҳаҳои Кошона, Марғедар, Ӯти Баланди ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ, деҳаҳои Варзи Канда, Қумоқ, Навобод, Заврон, Ғӯсар, Баҳор, Мазори Шарифи ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ ва деҳаҳои Киштӯдак, Дашти Қозӣ, Рӯзи Обноки ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент заминҳояшонро обёрӣ мекунанд.

Аксарияти заминҳои обии ҳудуди деҳаҳо ва ҷамоатҳои номбаршуда ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд. Аммо насосҳо дар ҳолати корношоям қарор доранд, ки боиси нигаронии мардум шудааст.

Дар маҷмуъ, ин канал зиёда аз 9000 гектарро обёрӣ мекунад. Аммо ҳоло канали Марғедар оби кам дорад ва наметавонад ҳамаи ин заминҳоро обёрӣ кунад. Моҳи май ҳам даромад, аммо то ҳол на канал тоза карда шудааст ва на насосҳо таъмир мешаванд.

Шервони УМРИДДИН, журналист      

Тафсилоти бештар дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»      

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *