Ҷоизаи тиллоии БАТР ба Азим Иброҳим расид

Лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди “Роғун-Обигарм-Нуробод” сазовори Ҷоизаи тиллоии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) “Gold Award” дар соҳаи рушди устувор гардид.

Ҷоиза аз ҷониби роҳбари минтақавии БАТР дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон Айтен Рустамова ба вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим супорида шудааст.

Тақрибан 40 лоиҳа ва корхонаҳо аз саросари ҷаҳон, ки дар таъмини устувории экологӣ ва иҷтимоӣ саҳми назаррас гузоштаанд, соҳиби ҷоизаҳои тилло, нуқра ва биринҷии БАТР шудаанд.

Ба гуфтаи Айтен Рустамова, лоиҳаи Тоҷикистон бо дарназардошти саҳми он дар иқтисодиёт ва ҳамлу нақли аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ҳамчун яке аз беҳтарин намунаҳои лоиҳаҳои логистикӣ, ки аҳамияти онҳо дар солҳои охир боло рафтааст, қадрдонӣ ва соҳиби ҷоизаи олӣ гардид.

Вазорати нақлиёт зикр мекунад, ки лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳи автомобилгарди «Роғун-Обигарм-Нуробод» аз ду марҳила иборат аст. Дарозии умумии роҳ зиёда аз 75 километрро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *