Ҳоҷӣ Неъмат: Гуфтани ҳақиқат ҳам мардист! (Видео)
Дар мақомоти шаҳри Турсунзода бо иштироки фаъолонон ба ангурпарвари шинохта Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов дипломи “Боғдори сол” тақдим карда шуд. Дипломи “Боғдори сол-2019”-ро сардабири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур ба Ҳоҷӣ Неъмат супорид.
Тавре хонандагон иттилоъ доранд, дар як пурсиши ҳафтаномаи «Тоҷикистон», ки намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро мегирифт, аксарият Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов, ангурпарвари шинохтаи шаҳри Турсунзодаро боғдори сол дар соли 2019 ном гирифтанд. Борҳо меҳмонони сатҳи давлатӣ, аз ҷумла, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Беларус Александр Лукашенко ва дигар сиёсатмадорони варзида аз боғи Ҳоҷӣ Неъмат дидан карда, аз ангурҳои шаҳдбори парваридаи ӯ чашидаанд. Баъд аз маросими супоридани диплом ва туҳфаҳои ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, бо Ҳоҷӣ Неъмат дар замини ангурбоғаш, ки номи хоҷагии “Ватан”-ро дорад, суҳбат анҷом додем.
-Ҳоҷӣ бобо парваришу нигоҳубини ниҳол, аз ҷумла, токзор заҳмат металабад. Шумо кай ба боғдорӣ шурӯъ кардед?
-Соҳаи боғдорӣ ба ман аз бобову падарам ҳамчун касб мерос мондааст. Дар вақташ онҳо боғбони машҳур буданд. Махсусан, дар парвариши ангур шуҳрат доштанд. Солҳои 60-уми асри гузашта, асосан мо бозори “Путовский”-ро, ки як замоне дар Душанбе арзи ҳастӣ мекард, бо ангур таъмин мекардем. Ҳоло ҳам бозорҳои шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи кишварро бо ангурҳои хуштамъ таъмин менамоем.
-Айни замон хоҷагии шумо чанд гектар заминро фаро мегирад?
-Хоҷагии мо, ки «Ватан» ном дорад, беш аз 105 гектар аст. 165 саҳмдор дорем, бо онҳо кор мекунем. Худам бошам, ҳамроҳи фарзандон ва бародарон 6 гектар боғи ангур дорем.
-Аз 1 гектар токзор чӣ қадар ҳосил мегиред?
-Ҳар сол аз 1 га замини токзор 35 тонна ҳосили ангур мегирем.
-Дар хоҷагӣ кадом намудҳои ангур парвариш мешаванд?
— Мо 10 намуд ангур парвариш мекунем. Асосан, ангурҳои “ҳусайнӣ”, “победа”, “чилакӣ” бештар талабот доранд. Кишмиши сиёҳ, кишмиши сафед ҳам дорем, аммо ҳосилнокиаш суст аст.
-Тавре ки мо шоҳид шудем, дар баробари ангурпарварӣ ба ниҳолпарварӣ ҳам шуғл доред. Кадом намуди ниҳолҳоро парвариш мекунед?
-Ниҳолпарварии ман таърихи худро дорад. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳама ҷодаҳо партофта шуда буданд. Чун дидам, ки мамлакат рӯ ба ободӣ, пешрафт дорад, хостам, дар ҷодаи парвариши ниҳолҳои ҳамешасабз ва сояафкан худро санҷам. Умуман, набояд мо ниҳолҳоро аз хориҷ биёрем. Дар Тоҷикистон имконият ба парвариши ниҳолҳои хуб ҳаст. Танҳо барои ин завқу хоҳиш ва дили гарм лозим аст. Бояд иқрор шавам, ки ибтидо дар бораи парвариши ниҳолҳои сояафкан тасаввурот надоштам. Корро ба таври таваккал сар кардам. Дар ин самт директори собиқи Боғи ботаникӣ акаи Сафарбек бисёр маслиҳатҳои хуб дода, ёрдам кард. Ҳоло ҳар сол аз 100 то 300 ҳазор ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишӣ тайёр карда, ба бозор мебарорам. Алабатта, ин аз хориҷ не, аз худамон аст.
-Дар пештоқи бинои атрофи ангурбоғ навиштаҷотеро мебинем, ки шумо ба ҳайси профессори ифтихории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон шинохта шудаед. Ба омода кардани шогирдон ҳам машғулед?
-Бале, чандин сол инҷониб ман бо Институти току боғпарварӣ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҳамкорӣ дорам. Намояндагони ин муассисаҳо ба ангурбоғ меоянд ва аз таҷрибаи мо амалӣ бархӯрдор мешаванд. Муаллимони ҷавони донишгоҳ низ омада, корҳои илмӣ анҷом медиҳанд. Донишҷӯён дар канор намемонанд, дар хоҷагӣ таҷрибаомӯзӣ мегузаронанд. Ҳадафи асосии мо беҳтарин навъҳои ангурро зиёд карда, ба бозор баровардан аст.
-То имрӯз чанд шогирд тайёр кардед?
-Шогирдҳо бисёранд. Дар деҳа аксарият маро ҳамчун устоди боғу токпарварӣ мешиносанд. Ғайр аз шаҳри Турсунзода, аз Восеъ ва Қӯрғонтеппа шогирдонро тайёр кардаам. Онҳо боғ бунёд карданд, рафта, аз корашон шинос ва маслиҳат додаам. Дар ин самт фарзандонам ҳам канор намемонанд.
-Ду мафҳум ҳаст: яке соҳибкор дигаре боғпарвар. Шумо худро мансуби кадоме аз ин медонед?
-Ман аз хурдӣ боғпарвар ҳастам. Шароит ва талаботи имрӯз ҷавоб намедиҳад, ки боғпарвари одӣ шуда кор кард. Мамлакатамон нав ба пой хеста, рушд дорад. Барои ин ватандӯсту меҳанпараст будан лозим аст. Нафаре бошад, ки корро хуб пеш барад, дар дилхоҳ самт навгонӣ ворид созад. Ман ҳам талош мекунам, ки аққалан ягон фоидае барои кишварам расонам. Барои ободӣ ҳисса гузорам.
-Охири соли 2019 миёни хонандагони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” пурсише сурат гирифт. Аксарият ба ҷонибдории шумо овоз дода, боғдори муваффақи сол ном гирифтанд. Ба онҳое, ки шуморо боғпарвари соли 2019 шинохтанд, чӣ гуфтанӣ доред?
-Саломат бошанд. Баракат ёбанд. Ҳакиқатро гуфтан ҳам, нишонаи мардист.
Усмон Раҳимзода,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ