Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони арабӣ дар ДМТ
Дар пояи кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупо Рӯзи байналмилалии забони арабӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон иштирок намуд.
Қаблан сафир бо ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. мулоқот намуда, ҷонибҳо дар самти ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуданд.
«Зимнан ҷонибҳо аз муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, барои рушди соҳаи маориф, хусусан самти таълиму таҳқиқ андешаҳои судмандро иброз дошт. Таъкид гардид, ки Донишгоҳи миллӣомода аст, дар самти омода намудани мутахассисон ва иҷрои корҳои илмию таълимӣ,хусусан дар самти арабшиносӣ ҳамкориро бештар намояд»,-иттилоъ доданд аз ДМТ.
Ҳамчунин, дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардида, кори он бо сухан муқаддимавии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С. оғоз ёфт.
Таъкид шуд, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои гуногун рушд намуда, дар самти омӯзиши забон, адабиёт ва фарҳанги араб тадбирҳои муҳим андешида шудааст.
Дар солҳои охир ҳамкориҳои ин ду кишвари ба ҳам дӯст дар самти илму маориф низ густариш меёбанд. Аз ҷумла, дар чанд соли охир бархе аз шаҳрвандони Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар зинаҳои гуногуни таҳсилотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба омӯзишу пажуҳиш машғул гашта, ҳамзамон, баъзе аз устодони забони арабии донишгоҳ дар муассисаҳои таҳсилоти олии Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба такмили ихтисос ҷалб карда шудаанд.
Декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, дотсент Шодмон Сайдализода сухан намуда, зикр намуд, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба арабшиносӣ ва рушду пешрафти он таваҷҷуҳи вижа зоҳир карда мешавад.
Дар навбати худ сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон баромад намуда, таъкид дошт, ки сафорат омодааст дар тамоми самтҳо бо Донишгоҳи миллӣ ҳамкорӣ намуда, дар робита ба табодули устодону донишҷӯён ва забономӯзии донишҷӯён кумаки ҳамешагӣ расонад. Итминон карда шуд, ки ташкили чунин маҳфилҳо дар густариши ҳамкориҳо ва тақвияти дониши забонии донишҷӯён мусоидат мекунад.
Ҳамоиш бо барномаи фарҳангӣ-фароғатии омоданамудаи донишҷӯёни факултет анҷом ёфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ