Лео

“Ҳамсоя”-и Leo нашр шуд

Рэпсарои шинохта ва дар ҳоли ҳозир яке аз сермухлистарин Leo рэп-таронаи навашро бо номи “Ҳамсоя” дар ютубканали шахсияш нашр кард.

“Ҳамсоя” аз ҷумлаи рэп-таронаҳои Leo мебошад, ки шунавандагонаш зиёда аз як моҳ интизор буданд. Leo бо хондани рэпҳои нисбатан ором миёни мардум дар муддати кӯтоҳ маъруфият пайдо кард. То ҳол рэпҳои “Соҳил”, “Дарё”, “Ошиқат шудам”, “Сарнавишт” ва ҳамакнун “Ҳамсоя” вирди забонҳо ҳастанд.

Дар нашри рэпҳои Leo як падидаи номатлуб аст, ки корбарони YouTube онҳоро нусха карда, дар саҳифаҳояшон мегузоранд. Масалан, рэп-таронаи “Ҳамсоя”-ашро зиёда аз 100 саҳифаи дигар нашр кардаанд ва қисми зиёди онҳо то 50-100 ҳазор маротиба бозбинӣ шудаанд.

Ҳамчунин, рэпҳои ӯро блогерони хориҷӣ дар YouTube гӯш карда, фикри худро дар наворҳои алоҳида баён мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *