Дар шумораи №14-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Муҳоҷират хонаи очаат нест!”, “Ба волидонам келин не, хизматгор лозим”, “Моро напартоед, амак!” мутолиа намуда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа хобномаи исломӣ таҳти унвони “Хондани китоби Қуръон дар хоб чӣ таъбир дорад?” таҳия гардидааст.

Қиссаи “Кош дар ятимхона мемондам” дарди дили мардест, ки аз ҷабру зулми модар ба дод омадааст. Бо вуҷуди он ки се маротиба оиладор мешавад, бо пофишориҳои модар занҳояшро талоқ додааст, зеро занҳояш бо модари ӯ муросо карда натавонистаанд.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома таҳти рубрикаи “Оила ва ислом” дар суҳбат бо руҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо саволу ҷавобҳои диниро оид ба фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон ва тақвими намозро барои моҳи апрел дастрас намоед.

“Дар хонаи шавҳар рӯзи сиёҳ дорам” қиссаи навбатиест, ки аз ҷабру зулми як хушдоман нисбати келин нақл мекунад.

Дар қиссаи “Хушдоманкуш” кору кирдори келине рӯи коғаз оварда шудааст, ки ба косаи хӯроки хушдоман заҳр рехта, ӯро мекушад. Қиссаи мазкур давомдор буда, давомашро дар шумораҳои минбаъда мутолиа карда метавонед.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз тавсияи C.ONE то ҳаҷравии Ралик” мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Суҳбати сари роҳ” таҳти унвони “Ҷамшеди Муъминободӣ аз занаш ҷудо шуд” фишурдаи суҳбати рӯзноманигори ҳафтаномаро бо сарояндаи мазкур мутолиа намоед.

Зери рубрикаи “Солимӣ” таҳти унвони “7 беморие, ки дар Рамазон авҷ мегиранд?” маводи тиббиро дар боби бемории мазкур ва оид ба пешгирӣ намудани он маслиҳатҳои судмандро мутолиа намоед.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *