Нокомии паҳлавонони Тоҷикистон дар Antalya Grand Slam 2023

Дар мусобиқаи байналмилалии Antalya Grand Slam 2023 дар Туркия 5 намояндаи Тоҷикистон дар баробари 616 варзишгар (357 мард ва 259 зан) аз 87 кишвар ширкат карданд, аммо ноком шуданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар вазни 60 кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов, 66 кг Обид Ҷебов, 73 кг Беҳрӯзи Хоҷазода, 81 кг Шодмон Ризоев, 90 кг Ҷаҳонгир Маҷидов шомил буданд.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар нахустин қувваозмоии худ аз Мартин Матиаси олмонӣ шикаст хӯрд. Обид Ҷебов дар қувваозмоии аввал норвежӣ Густав Броволдро шикаст дод, сипас итолёвӣ Фабио Базилеро мағлуб кард. Дар қувваозмоии сеюм Ҷебов аз бразилӣ Виллиан Лима мағлуб шуд.

Беҳрӯзи Хоҷазода дар даври аввал бар ҷудокори Финланд Валтер Олин ва дар даври дуюм бар нидерландӣ Коэн Хег пирӯз шуд, аммо дар вохӯрии сеюм аз олмонӣ Игор Вандтке мағлуб шуд.

Шодмон Ризоев дар нахустин қувваозмоӣ аз Ҷозо Фернандо мағлуб шуд. Дар рӯзи якуми мусобиқа намояндаи Тоҷикистон Муҳаммадсолеҳ Қувватов низ ноком шуд.

Ғолибони ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз медалҳо соҳиби холҳои олимпӣ гардиданд. Ба беҳтаринҳо мукофотҳои пулӣ дода шуд. Дар ҳар вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар, барои ҷойи сеюм 1500 доллар дода мешавад.

Мусобиқаи ояндаи ҷудо байни курсантҳо ва навҷавонон хоҳад буд. Ҷоми Осиё бахшида ба хотираи Бекет Махмутов аз 7 то 9-уми апрел дар Алмаато баргузор мешавад. Дар мусобиқа зиёда аз 400 варзишгар аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Ҳонконг, Муғулистон ва дигар кишварҳо иштирок мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *