Супоришҳои раиси шаҳри Панҷакент дар ҷамоати деҳоти Хурмӣ

Зимни сафари корӣ ба ҷамоати деҳоти Хурмӣ раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода нахуст аз заминҳое, ки дар соҳили рости дарёи Зарафшон бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон, бахши ҳифзи муҳити зист ва деҳқонон барои кишти шолӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудаанд, дидан намудааст.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Панҷакент, гуфта шудааст, ки солҳои охир бо тавсеаи корҳои соҳилбандӣ ин ҷо наздик ба 200 гектар замини нав кушода, дар он асосан шолӣ кишта мешавад ва ба кишт мутобиқ намудани қитъаҳои дигари замин идома дорад.

Ҳини боздид ба масъулини ҷамоати деҳот, истифодабарндагони ин заминҳо дастур дода шудааст, ки дар кӯтоҳтарин фурсат барои аз обхезӣ эмин доштани заминҳои кишт корҳои соҳилбандиро ба ҷо оранд.

Ҳамчунин дар ин сафар раиси шаҳр аз заминҳое, ки барои кишти картошка пешбинӣ шудаанд ва дар қисмати онҳо ҳоло кишоварзон  кишт мекунанд, аз боғи навбунёди дарахтони навъи зудрас дар деҳаи Сари камар дидан намудааст. Таъкид шудааст, ки дар иқлими ин ҷо аз картошкаи барвақтӣ ҳосили хуб гирифта, дар ин заминҳо кишти такрории дигар зироатро низ ба роҳ мондан мумкин аст.

— Дар маҷмуъ ҳоло дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродии ҳудуди ҷамоати деҳоти Хурмӣ ҳар сол дар 600 гектар шолӣ парвариш мекунанд ва биринҷи Хурмӣ дар бозор харидорони зиёд дорад. Соли равон бо дастгирии шарикони рушд бунёди коргоҳи бастабандии биринҷ низ пешбинӣ шудааст,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *