Суд ҳабси Трампро бекор кард

Ба гузориши шабакаи телевизионии CNN, ҳабси президенти собиқи ИМА Доналд Трампро суд бекор кард.

Сиёсатмадор бинои судро тарк кард. Ҳоло ӯ ният дорад, ки ба қароргоҳи худ дар Мар-а-Лагои Флорида сафар кунад ва эҳтимол дорад дар он ҷо ба тарафдоронаш муроҷиат мекунад.

Трамп аввалин президенти собиқи Иёлоти Муттаҳида аст, ки ба иттиҳоми ҷиноятӣ рӯ ба рӯ шудааст. Ӯ қаблан дар идораи прокуратураи ноҳиявӣ дар Манҳеттени Поён боздошт шуда буд. Худи сиёсатмадор иддао дорад, ки дар ҳамаи 34 моддаи алайҳи ӯ бегуноҳ аст.

Ба гуфтаи муфаттишон, соли 2016 Трамп тавассути адвокат ба ситораи порнографӣ Сторми Даниэлс (номи ҳақиқиаш Стефани Клиффордс) 130 ҳазор доллар пардохт кардааст, то дар бораи муносибатҳои қаблии онҳо хомӯш бошад. Минбаъд ин маблағҳо аз фонди пешазинтихоботӣ ғайриқонунӣ ҷуброн карда шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *