Илҳом Алиев аз Тоҷикистон ба Озарбойҷон баргашт

Имрӯз, 6-уми апрел пас аз анҷоми сафари бобарори давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Боку баргашт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми самимӣ меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиевро гусел намуд.

Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон давоми ду рӯз — 5 ва 6-уми апрел идома ёфт. Зимни ин сафар мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ду кишвар сурат гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои он 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *