Ҳашарчиён соҳили рости дарёи Қаратоғро аз партов тоза карданд
Дар ҷамоати деҳоти Қаратоғ, ҳудуди маҳаллаи хатарзои деҳаи Ҷовидон тамрини ситодӣ дар мавзуи «Амали ҳайати фармондеҳони Ситод ва аҳолии ҳудуди ҷамоат ҳангоми бартарафсозии оқибатҳои сел ва барқарор намудани пули шоҳроҳи Душанбе — Турсунзода» ташкил ва гузаронида шуд.
Бино ба иттилои КҲФ, ин тасмим бо мақсади иҷрои супориши раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ташкил ва гузаронидани машқҳои ғайринақшавӣ дар минтақҳои хавфнок амалӣ гардидааст.
— Дар рафти чорабинӣ дастгоҳи ҷамоати деҳот ва шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , 93 нафар аҳолии минтақаҳои хавфнок бо ду адад техникаҳои заминкан ва 5 адад техникаи боркаш ба ҳашари дастаҷамъона баромада, соҳили рости дарёи Қаратоғро аз партовҳо тоза карданд. Ҳолати садамавии пули мазкур барқарор гардида, 150 метр соҳили рости дарёи Қаратоғ мустаҳкам карда шуд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ