Зарба ба деҳқон! Сол то сол арзиши сӯзишворӣ афзудан дорад

Зарба ба деҳқон.

Барои як гектари кишти ғаллазор ё киштаҳои сабзавот деҳқон ба тракторчӣ 1000 сомонӣ медиҳад. Пеш 450 сомонӣ буд.

Зарба ба деҳқон.

Ба киштаҳо дар як сол 2 халта карбамид (ҷамъ 900 сомонӣ), 3 халта селитра (1200 сомонӣ), 2 халта нитроамофос (1000 сомонӣ), як халта нуриҳои фосфорӣ (150 сомонӣ) харидаву мепошад.

Зарба ба деҳқон.

Вақти ҳосилғундорӣ боз 1000 сомонӣ хароҷот мекунад. Агар хишова, коркард, аз субҳ дар саҳро ҷунбуҷул кардани деҳқонро бо маблағ қиёс кунем, аз моҳи март то моҳи сентябр моҳе 700 сомонӣ, ҷамъ 4200 сомониро ташкил медиҳад. Яъне, хароҷот қариб ба домани 10 ҳазор сомонӣ мерасад. Раваду сол гарму хушк ояд, ҳеҷ гуна ҳосилро интизор шудан мумкин нест. Агар ҳосили сабзавот ё картошка бошад, гапи дигар. Ба шарте ки 300 ё 500-сентнерӣ ҳосил гирад. Агар ғалла бошад, нисфи хароҷотро ҳам намепӯшонад.

Зарба ба деҳқон.

Шафтолуи гап ҳамин ки, то истеҳсоли нуриҳои маъдании ватаниро ба роҳ намонем, боз ва боз зарба ба деҳқон!

Аз талаю тороҷ ва ба оҳанпора табдил ёфтани заводи нуриҳои азотии Вахш касеро парвое нашуд. Бошад, ки дар 4 соли ояндаи саноатикунонии ҷумҳурӣ боз чунин як корхона бунёд ёбад ё ҳамон заводи собиқи дар боло зикршуда навсозӣ гардад. Ва имрӯз ҳеҷ ба он роҳ додан мумкин нест, ки воридоти нуриҳои маъданӣ аз хориҷи кишвар ба моликияти як ширкат ё шахсият вогузор гардад.

Нурулло ҲАСАНОВ,

рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *