Ҳашари ҷамъоварии пахта бо иштироки Давлаталӣ Саид
Дар ноҳияи Хуросону шаҳри Левакант ҳашари умумии ҷамъоварии пахта баргузор гардид, ки дар он кормандони ташкилоту муассисаҳо ва Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон иштирок карданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон мегӯяд, ҳашари мавриди назар ба хотири кӯмак ба марди деҳқон буда, саҳмгузорӣ дар ҷамъоварии ҳосили пахта аст. Ҳашарчиён бошанд, бо ҷонибдорӣ аз ибтикори раиси вилояти Хатлон бо рӯҳияи баланд ба чиниши пахта пардохтанд.
Роҳбарияти вилояти Хатлон ба масъулин супориш додааст, ки бо саҳми ҳашарчиён пахта саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ шавад ва пардохти музди меҳнат, ба корхонаҳои коркард супоридани он назорат карда шавад.
Мувофиқи маълумоти сарраёсати Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, феълан нақшаи ҷамъоварии пахта дар вилояти Хатлон 50 дарсад иҷро шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ