Ҳоҷизиёрат. Бояд рафт ё не?

— Ҳоҷибинӣ меравем?,- пешниҳод кард Собир.

— Ин дафъа кӣ ҳоҷӣ шудааст?,- пурсид ӯ.

Собир номи ду нафар ҳамдеҳаро гирифт. Рости гап, маъракаҳои ҳоҷизиёрат ва ҳоҷиталбонро хуш надошт.

Ҳоҷӣ ҳам зиёд шудааст. Касеро бинӣ, “Ҳоҷибобо ё ҳоҷибибӣ” гӯён нисбат ба дигарон эҳтиромро ба ҷо меоранд. Боре нафареро “Ҳоҷибобо” гуфта буд, ки баъди чанд қадам дур шудан аз ҳамроҳаш дар бало монд: “Ту гунаҳгор шудӣ! Вай ба тавофи Каъба нарафтааст. Дигар ин хел нагӯй. Ҳатто ҳаҷи умракардаҳоро ҳам ҳоҷӣ нагӯй!”… боз ба мисли ин гапҳо таънаҳо шунид. Тавба кард, ки касеро дигар бо ин ном ҷеғ намезанад, фақат онҳоеро чунин ном хоҳад бурд, ки дар шиносномааш “Ҳоҷимурод, Ҳоҷисалом, Ҳоҷишариф” барин исмҳо сабт ёфта бошанд.

Нафаре нақл кард, ки аз кишвари мусалмонии хориҷ якеро, ки дар ин ҷо соҳибкорӣ мекард, ба ҳоҷибинӣ бурдаанд. Вай ҳайрон шуда пурсид, ки ин зиёфати пурдабдаба аз баҳри чист? Баъд шунид, ки ҳоҷиро зиёрат мекунанд, бо тааҷҷуб нидо кард: “Ё тавба! Дар мо ҳамсояамон ба тавофи Хонаи Худо меравад, бехабар мемонем, ҳаҷ ҳам намозу рӯза барин як рукни мусалмонист. Ман ҳам зиёрат кардаам, аммо касе маро “ҳоҷӣ” намегӯяд. Аз ҷойи шумо ба ҳаҷ рафтан даркор будааст-да, ин қадар иззату икром мекардаанд-де!”.

Қонун дар бораи танзим маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон ва ҳоҷиоширо қатъиян манъ мекунад, вале пешвози ҳоҷиён дар доираи оилаву хешовандон мумкин аст. Аҳли деҳа бо ҳам хешу таборанд, рафтем ба ҳоҷибинӣ!

Хонаи хоксоронаи похсагӣ дошт, ҳоҷии поёни деҳа, ду писараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ будаанд, ки бо шарофати онҳо ба ин унвон сазовор шудааст, муборакаш бод! Як коса хомшӯрборо бо гӯшти тозаи ҳил-ҳил пухтагӣ нӯши ҷон карданд ва як тасбеҳу арақчин армуғон гирифта, ба гӯшаи дигари деҳа раҳсипор шуданд. Дар ин ҷо ҳам баъди муборакбод ва зиёрат қабул гуфтан дохили хонаи салқину бароҳат шуданд, ба пешашон оши палави сергӯшти суп-сурхро гузоштанд. Дастархони пурнозу неъматро тасвир кардан имкон надорад: якум, намехоҳем, ки гулӯи касе ба хориш ояду рефлексҳои шартиву ғайришартияш ба ҷунбиш оянд; дуюм вақт ва сиёҳии бисёр сарф мешавад.

Хеле вақт боз ба ин гӯшаи деҳа наомада буд. Иморати дуошёнаву шишакориву бо истифодаи чанд маводи нав сохташударо дида, даҳонаш боз бонд. Даруни хонаҳо боз ҳам зеботар буданд, ки то ба ҳол ин гуна қасри боҳашамматро надида буд. Дар зери бори гарони таассурот чӣ тавр оши палав ва харбузаву тарбузи лаззизро тановул кардааст, дар хотир надорад. Масту гарангу пакар шуда буд. Вақте аз дарвозаи пурнақш ялаққосӣ берун шуд, баногоҳ аз роҳи назди хонаи ҳоҷӣ боло девори вайронаро дид. Дар ҳавлии хурдакаки кулбаяки ҳақиронае бо тори боми хокпӯш зани лоғарандоме бо либоси фарсуда дар болои оташдони хурд дегчаеро гузошта, бо қошуқ даруни онро мекофт. Дар наздаш ду духтарчаи нимӯрён ва писараки хурдсоли луб-лучак истода, интизор буданд. Якбора ҳушёр гашт, хоб буд, бедор шуд.

Аз ҳамон рӯз сар карда ба ҳоҷизиёрат намеравад.

Ҳаким АЛӢ, деҳаи Ғуриёт, шаҳри Ҳисор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *